Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар маҷлис нахуст Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон ва муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан тасдиқ карда шуд.Тавассути лоиҳаҳои қонунҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи молия”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи туризм”, “Дар бораи алоқаи барқӣ”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва ғайра.Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба баргузории ҷашни 3000-солагии Ҳисор, таъсиси Муассисаи давлатии парваришгоҳи “Баҳри Норак” ва Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон” тасдиқ карда шуд.Дар мавриди омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор таъкид гардид, ки иншооти сершумори бахшида ба ин санаи бузурги таърихӣ омодашаванда бо сифати баланд ва бо назардошти унсурҳои волои меъмории бостонии миллӣ ва муосири ҷаҳонӣ бунёду навсозӣ шаванд.Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли толорро ба масоили омодагӣ ба зимистон ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Таъкид гардид, ки барои босифат омода намудани шабакаҳои барқии кишвар, иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷамъоварии ҳосили мавҷудаи маҳсулоти кишоварзӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, захирасозии озуқаворӣ, хӯроки чорво ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани нигоҳубини роҳҳои мошингард аз тамоми имкону захираҳо пурсамар истифода бурда шавад.Супоришҳои мушаххаси дигар дар бораи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили об, ки дар аввали даҳаи сеюми моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






