Марҳилаи дуюми навсозии роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Дӯстӣ ба поён расид

Июль 5, 2013 11:57

Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).- Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Дӯстӣ ба масофаи 18 км расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Тавре зикр гардид, навсозии ин қитъаи роҳ тайи як солу як моҳ бо харҷи 19 миллион доллари амрикоӣ маблаҳғи грантии Ҳукумати Япония анҷом дода шудааст.Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Қурғонтеппа навсозии роҳҳои дохилии шаҳр оғоз ёфт. Чунонки иттилоъ доданд, дар навбати аввал наздики 5 км роҳҳои мошингарди дохили шаҳр дар муддати кӯтоҳ навсозӣ мешавад.

Июль 5, 2013 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш