«Мерседес-Бенс» Зулфиқори 12-соларо дар роҳи пиёдагард пахш намуд

Июль 9, 2013 15:43

Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Ҳафтаи гузашта дар ҳудуди кишвар дар натиҷаи аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадан, баромадан ба самти муқобили ҳаракат ва умуман риоя накардани қоидаҳои ҳракати роҳ 7 садамаи марговар рух додаст. Аз ҷумла, 1-уми июли соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланд-Крузер» таҳти идораи ронанда Абдулмаҷид Ибрагимов ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Чанок-Хуҷанд-Душанбе дар километраи 252-юм қоидаи сабқатро вайрон намудаву ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошинаи тамғаи «Опел-Астра, ронандааш Баҳовиддин Сангинов бар мехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба халокат мерасад. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланд-Крузер» бошад, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад. Садамаи дигар 7 июли соли равон соати 17.30 дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Мошинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда Сафарбек Шукуров ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Султонобод бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба шаҳрванд Маҳмадулло Назаров тааллуқ дорад, бар мехурад, ки дар натиҷа «Мерседес-Бенс» ба самти роҳи пиёдагард баромада, ноболиғ Зулфиқор Зиёеви 12- соларо зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Июль 9, 2013 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш