Муҳайё сохтани шароити муосири таълимӣ дар Роғун
Душанбе, 31 июл.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф дар шаҳри Роғун 49 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин 2 боғчаи бачагона, як Хонаи кӯдакон, як Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, гуруҳи мақсадноки омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат дар шаҳри Роғун, як Мактаби бачагонаи мусиқӣ ва як Коллеҷи муҳандисию техникӣ фаъолият менамоянд.Зикр кардан бамаврид аст, ки бо мақсади аз вагонхонаҳо баровардани муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун мактаби миёнаи №9-и деҳаи Майдони Нав солҳои зиёд, ки дар вагонхона ҷойгир буд, имсол ба мактаби нави замонавӣ ва дорои шароити муосири таълимӣ кӯчонида шуд. Мактаби мазкур дорои 6 синфхона буда, барои 150 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии касбии ҷумҳурӣ барои таҳсил таввасути озмун дар 10 донишкадаи ҷумҳурӣ 21 нафар (11 нафар духтар) довталаб дохил гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун Осиямоҳ Давлатова иттилоъ дод.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






