Муҳокимаи ислоҳоти милитсия дар ВКД
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ҷараёни ислоҳоти милитсия, ҷобаҷогузории кадрҳо, мубодилаи иттилоот, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ имрӯз дар вохӯрии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Курсан Асанов муҳокима гардид.Инчунин дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ба имзорасонии лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон ва дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ мубориза бурдан бар зидди ҷинояткориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов оид ба ҳамкориҳои судманди вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар ибрози андеша намуда, зикр кард, ки кормандони милитсияи ҳарду кишвар дар сатҳи баланд ҳамкорӣ менамоянд ва ин ҳамкориҳоро боз ҳам густариш дода, санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар ин самт ба имзорасидаро мукаммал намудан лозим аст. Дар навбати худ К. Асанов қайд кард, ки: «Дар Ҷумҳурии Қирғизистон низ ба наздикӣ Фармони Президент оид ба ислоҳоти милитсия ба имзо расид ва мо бояд дар муддати 5-сол дар мақомоти корҳои дохилӣ ислоҳот гузаронем. Ҳадафи сафари мо низ омӯзиши таҷрибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки Шумо аллакай дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаед. Мо бисёр чизҳоро аз Шумо омӯхтем, махсусан институти таҳқиқ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, ҷобаҷогузории кадрҳо, гузаштани тест ҳангоми ба вазифа таъйин шудан, додани рутбаи аввалин аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ, ки ҳамаи инҳо бисёр муҳиманд». Инчунин дар вохӯрӣ муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Асанов Курсан ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов барои мусоидат намудан дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ медали «Барои ҳамкорӣ»-ро тақдим намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






