Мулоқоти Э. Раҳмон бо Роҳбари дастгоҳи Президенти Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 17 июл (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари дастгоҳи Президенти Бонки ҷаҳонӣ Лаура Фриҷентиро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.Лаура Фриҷентӣ, ки тирамоҳи имсол ба мақоми Ноиби минтақавии Президенти Бонки ҷаҳонӣ доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад расид, иттилоъ дод, ки ҳадафи сафараш мулоқотҳо бо роҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шиносоии бевосита бо масоили ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии рушди ин минтақа мебошад.Зимни суҳбат ба бахшҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини дастрасии кофӣ ба об ва нерӯи барқ, дастгирии амнияти озуқаворӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.Бо ёдоварӣ аз 20 соли ҳамкории ду ҷониб, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин муҳлат аз ҷониби гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди босубот дар ҳаҷми беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ ҷудо гардидааст.Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории минбаъда низ пурсамар гардида, ба рушди бештари иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мусоидати фаъол менамояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






