Мулоқоти Сарвазири Давлати Кувайт бо Сафири Тоҷикистон

Июль 25, 2013 10:22

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар»).-Чанд рӯз қабл мулоқоти Сарвазири Давлати Кувайт шайх Ҷобир Муборак ал Аҳмад ас Сабоҳ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов доир гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Сарвазири Кувайт ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт баҳои баланд дода, изҳори итминон кард, ки қарордодҳое, ки дар ҷараёни сафари мазкур ҳосил гаштаанд, бо талошҳои дуҷониба амалӣ хоҳанд гашт. Ҷониби кувайтӣ пешниҳоди Тоҷикистонро нисбат ба ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик ҷиҳати таҳсил дар макотиби олии Кувайт дастгирӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки дар муддати наздиктарин ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт. Сарвазир бори дигар ҷонибдории пурраи роҳбарияти кишварашро аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об қайд намуда, зикр кард, ки ҷониби Кувайт дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки моҳи август дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок хоҳад кард.

Июль 25, 2013 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш