Мулоқоти Собиров бо вакили Бундестаги Олмон

Июль 4, 2013 09:45

Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар»).- Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров вакили Бундестаги Олмон хонум Виола фон Краменро, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар оғози мулоқот Маҳмудҷон Собиров роҷеъ ба вазъи Тоҷикистон ва ҳамкориҳои кишвар бо давлатҳои минтақа маълумот дода, баъдан ҷонибҳо муносиботи Тоҷикистону Олмон ва рушди минбаъдаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, дар анҷоми суҳбат Маҳмудҷон Собиров вакили Бундестагро ҷиҳати иштирок дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки моҳи августи соли 2013-ум дар Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват намуд.

Июль 4, 2013 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш