Мулоқоти Зоҳидов бо Роҳбари Дафтари САҲА

Июль 11, 2013 10:45

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-10-уми июл Низомиддин Зоҳидов, Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Маркус Мюллер мулоқот анҷом дод.Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ дода, афзудааст, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА табодули назар карда, самтҳои асосии ҳамкориҳоро чун таҳкими сарҳад, мубориза алайҳи тероризм ва маводи нашъаовар, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва экологӣ махсусан таъкид намудаанд.

Июль 11, 2013 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш