Мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги FIFA боз боло рафт
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA шаш зина боло рафта, бо касби 314 имтиёз дар мавқеи 106-ум қарор гирифтааст. Бар пояи иттилои ФФТ ин беҳтарин натиҷаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA мебошад. Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Осиё дар зинаи 12-ум ва байни тимҳои миллии собиқ кишварҳои Шӯравӣ дар зинаи 9-ум ҷойгир шудааст.Ҳамчунин дар садри ин рейтинг чун пешина дастаи мунтахаби Испания қарор дошта, зинаҳои 2-юму 3-юмро мутаносибан Олмону Колумбия касб кардаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






