Мушкили муҳити зист тадриҷан ҳал мешавад

Июль 17, 2013 11:25

Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Бархе аз сокиноне, ки аз зарари дуди корхонаҳои металбарорӣ дар ҷумҳурӣ шикоят мекунанд набояд хонаҳояшонро дар мавзеъҳои саноатӣ месохтанд,- гуфт дар посух ба суоли хабарнигорон Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ 16 июл. Вай қайд намуд, ки ин мушкилоти сокинон тадриҷан ҳалли худро ёфта истодааст. «Солҳои қабл барои бархе аз корхонаҳо дастгоҳҳои куҳнаро аз Чин меоварданд, ки тоза кардани дуду чанг мушкил буд, вале феълан ин мушкилӣ бо насби дастгоҳҳои ҷадид оҳиста-оҳиста рафъ мешавад», илова намуд Т. Салимов.

Июль 17, 2013 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш