Мусодираи беш аз 60 кг маводи мухаддир
Душанбе, 11 июл (АМИТ «Ховар»).- Кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шуғнон, Ваҳдат, Панҷ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ силсилаи амалиётҳоро анҷом дода, аз қочоқчиён зиёд аз 60 кг маводи мухаддир мусодира намуданд. Тавре аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттлоъ доданд, аз тарафи кормандони КДАМ ҶТ дар ҳудуди ВМКБ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвандон Санавбаршоев Акмал Аслишоевич ва Шоҳиҷаҳонов Шоҳиолам Шоҳисултонович, сокинони шаҳри Хоруғ боздошт гардиданд. Онҳо дар ҳудуди ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон аз шаҳрванди ҶИА мулло Ғайбулло маводи мухаддир харидорӣ намуда, сипас бо мақсади фурўши он ба самти шаҳри Хоруғ равона шудаанд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Чанху» дар се баста 1 кг 856 г ва кофтукови шахсии Санавбаршоев Акмал аз ҷайбаш 9,7 грамм маводи нашъадори навъи гашиш дарёфт ва мусодира гардид.Ҳодисаи дигари интиқоли маводи мухаддир рўзи 3 июли соли равон аз тарафи кормандони КДАМ ҶТ дар ҳудуди ш.Ваҳдат пешгирӣ карда шуда, бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Каримов Абдуҷаббор Сангович, соли таваллудаш 1964, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб дастгир гардид.Зимни санҷиши нақлиёти автомобилии Каримов Абдуҷаббор аз махфигоҳи махсус 2 кг 476 г афюн ва 1 кг 896 г бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Тибқи маслиҳат, Каримов Абдуҷаббор маводи мухаддирро бояд ба шаҳрванд Шералиев Дилшод Уроқович, ки дар маҳбасхонаи 3/2-и СРИҶҶ ВА ҶТ адои ҷазо менамояд, мефурӯхт.Худи ҳамин рўз кормандони КДАМ ҶТ дар ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон низ чорабинии махсус анҷом доданд. Қочоқчиён ба иштирокчиёни амалиёт муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон паноҳ бурданд. Дар ҷойи ҳодиса Расул валади Холиқбойи 40-сола, сокини деҳаи Оқбошии улусволии Имомсоҳиби вилояти Қундузи ҶИА дастгир гардида, инчунин 15 килограмму 80 грам гашиш мусодира шуд. Боз як кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз тарафи гуруҳи қочоқбари афғон таҳти сарварии ҳоҷӣ Мадисо валади Миралбойи 40- сола ва аъзои дигари ин гуруҳ мулло Нурмад валади Футури 35-сола, зода ва истиқоматкунандагони деҳаҳои Худӣ ва Ҷарбошии улусволии Чохиоби вилояти Тахори ҶИА аз тарафи кормандони КДАМ ҶТ дар ҳудуди ҷамоати Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ барбод дода шуд. Дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона қочоқбарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба самти Афғонистон фирор карданд.Дар ҷойи воқеа 2 борхалта бо 40 килограмму 500 грам гашиш дарёфт ва мусодира гардид. Айни замон нисбат ба ҳамаи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






