Мусодираи миқдори зиёди маводи нашъадор

Июль 16, 2013 16:39

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз ҷониби кормандони Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб беш аз 12 кг маводи нашъадор мусодира гардид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дирӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод автомашинаи тамғаи «Ford» таҳти идораи шаҳрванд Сӯҳроб Баротов, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Кӯлоб боздошт шуд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз бордони автомашинаи мазкур 16 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 11 кг 70 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва 1 кг 700 грамм маводи нашъадори «героин» буд, дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Июль 16, 2013 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш