Нашри китоби Э. Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бо ҳуруфоти форсӣ

Июль 26, 2013 16:27

Душанбе, 26 июл (АМИТ «Ховар»).- Бунгоҳи интишороти «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бо теъдоди ҳазор нусха, бо хати форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонд.Чунонки муаллиф дар муқаддимаи китоб менигорад, «мо ҳарчи бештар мероси пурғанои маънавии гузаштаро омӯзем, ҳамон қадар ба насли ояндаи худ ғизои маънавӣ мебахшем. Зеро аз чунин як чашмандози таърихӣ маълум мешавад, ки тамаддуни ориёии мо мисли чашмаи ҷӯшоне будааст, ки аз оби мусаффои он бисёр халқҳои ҷаҳон шодоб гардидаанд».Китоби мазкур туҳфаи хубест барои олимони муаррих, сиёсатмадорон, ҷомеашиносон, адибон ва ҳамаи онҳое, ки шавқи таърихи ориёиро омӯхтан доранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 26, 2013 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш