Нуҳ аспиранти АИ идрорпулии президентӣ мегиранд

Июль 11, 2013 15:47

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаш моҳи соли 2013-ум аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 408 кори илмӣ, аз ҷумла 25 китобу монография ва 383 мақолаи илмӣ ба табъ расидааст. Ин нуктаро Кароматулло Олимов — муовини Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ таъкид кард.Кароматулло Олимов ҳамчунин иброз дошт, ки то якуми июли соли ҷорӣ дар аспирантураи АИ ҶТ 285 нафар таҳсил дошта, шумораи умумии докторантҳо ҳашт нафарро такшил додааст. Ҳамчунин, зикр шуд, ки ба нуҳ нафар аспиранти Академияи илмҳо идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Июль 11, 2013 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш