Оғози моҳи шарифи Рамазон муайян гардид

Июль 2, 2013 15:15

Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи ҳисоби илмӣ ва ҳисоби эҳҷаззабуд моҳи шарифи Рамазон рӯзи сешанбе -9 июли соли 2013 оғоз меёбад. Дар ин хусус имрӯз 2 июл дар ҷаласаи Шӯрои уламои ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода бо иштироки имомхатибон доир гардид, қарор қабул шуд. Аз Шӯрои уламои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки оғози моҳи шарифи Рамазон дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ маҳсуб меёбад, ки дар тақвими исломӣ баъди моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол медарояд. Мусулмонони ҷаҳон дар ин моҳи муборак рӯза медоранд, бештар ба тоату ибодат ва қироати Қуръони азимушшаън машғул шуда, кинаву кудуратро аз дилҳо дур месозанд ва ба эҳтиёҷмандону маъюбон ва ятимону бепарасторон кӯмак мерасонанд.

Июль 2, 2013 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш