Оғози сафари кории Э.Раҳмон ба вилояти Хатлон
Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум, анҷом додани суҳбатҳои бевосита бо аҳолии касбу кори гуногун ва мусоидат кардан ба бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда ба вилояти Хатлон сафар кард.Тайи ин сафар Сарвари давлат ба як қатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа ташриф оварда, иншооти зиёди дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳнгиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Бо иштироки роҳбари давлат, ҳамчунин бунёди як зумра иншооти дигар оғоз меёбад.Боздиди навбатии кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирок дар хатнасури дастаҷамъонаи 150 кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд ва ҳамчунин тӯйи арусии 10 ҷуфти навҷавонон аз ҳамин гуна оилаҳо оғоз ёфт. Ин чорабинии дастаҷамъонаи хайрия дар тарабхонаи хусусии Бандари куҳани шаҳри Қурғонтеппа, ки худи ҳамин рӯз ифтитоҳ ёфт, баргузор гардид.Тавре зикр гардид, ин бинои зебои замонавӣ, ки иборат аз таҳхона ва 2 ошёна мебошад, бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамол Нуриддинов бунёд ёфтааст. Дар таҳхонаи он толору утоқҳои варзишии машқи бадан ва фитнес, дар ошёнаи якум тарабхона ва дар ошёнаи дуюмаш маркази дилхушии кӯдакон ҷойгир шудааст.Маросими тӯйи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи хайрия қисман аз ҷониби ҳамин соҳибкор ва қисман аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа ташкил карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як кӯдаки хатнашаванда ва ҳар ҷуфти навхонадорон кумаки моддӣ ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.Президенти кишвар, ҳамчунин ба созмондиҳандагони ин кори хайру савоб, ки дар арафаи моҳи шарифи рамазон анҷом медиҳанд, арзи сипос карда, таъкид дошт, ки “хайроту садақоти худро мардуми мусулмон бояд маҳз ба ҳамин гуна табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона созанд”.Чунонки аён гардид, тарабхонаи ин бинои зебо дар дохил ва ҳавлӣ дорои 230 ҷойи нишаст буда, дар ошёнаи дуюми он барои кӯдакон техникаю таҷҳизоти гуногуни бозию дилхушӣ васл гардидааст. Дар ин бино 50 нафар соҳиби кори доимӣ мегарданд.Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи бино ва сифати корҳои сохтмону васлгарӣ ва ороишӣ баҳои баланд дода шуд, зеро он дар воқеъ бо усули хеле зебо ва ғайриоддӣ тарроҳию бунёд ёфтааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






