Оғози сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав
Душанбе, 20 июл (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи корхонаи коркарди нафт ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сафар кард.Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои ин водии зарнисор бо шиносоӣ бо фаъолияти ибратбахши деҳқонони хоҷагии Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисор оғоз ёфт.Дар ин ҷо, асосан ба ҳосили фаровони ҷуворимакка барои дон, ки аз тухмии нави навъи пионер 31N27 гибрид F1 ба даст омадааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.Тавре иттилоъ дода шуд, деҳқонони хоҷагӣ аз ин навъи тухмӣ беш аз 120 сентнерӣ дони ҷуворимакка аз ҳар гектараш рӯёнданианд. Ба гуфти мутахассисон, дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани коркарди пурраи агротехникӣ аз ин навъи тухмӣ то 140 сентнерӣ дон аз ҳар га ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи кишоварзии кишвар дастур дод, ки истифода аз чунин тухмиҳои серҳосил ва умуман таҷрибаи пешқадами деҳқонону мутахассисони асил дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн карда шавад.Тавре зикр гардид, аҳли заҳмати ин хоҷагӣ асосан бо сабзавоткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво машғул буда, дар парвариши дигар зироатҳо низ таҷрибаҳои ибратбахш касб намудаанд. Масалан аз ҳар га картошкаи барвақтӣ то 340 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд, ки барои ин мавсим ва ин минтақа нишондоди рекордӣ будааст.Кишти такрорӣ низ дар ин хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда мешавад. То имрӯз дар майдони 34 га кишти дубораи зироатҳои ба ин мавсим мувофиқ ба роҳ монда шудааст.Ба гуфти роҳбарияти ноҳия, нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ имсол дар тамоми ноҳия баланду умедбахшанд. Масалан дар ҳоҷагии Баракати чорводори ноҳия аз ҳар гектари пиёзи барвақтӣ 800 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд, ки ин ҳам дастоварди хеле баланд аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






