Панҷумин медали варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи Қазон

Июль 16, 2013 10:06

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар Фарзонаи Давлат).- Нусратшоҳ Имомов, гуштингири риштаи самбои тоҷик дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия дар вазни то 74 кг барандаи медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора Саидраҳмон Раҳмонов, сармутахассиси раёсати тарбияи ҷисмонии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.Бино ба иттилои манбаъ Нусратшоҳ 15-уми июл дар ду рақобаташ ба рақибонаш Петро Кузмин аз Украина ва Теҷен Теҷенов аз Туркманистон пирӯз гардида, дар нимфинал аз Уалӣ Куржеев, гуштингири рус мағлуб шуд. Баъди ин паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум бо Нарантогтох Тсенд-Аюш аз Муғулистон рақобат кард ва медали биринҷии вазни худро соҳиб гашт. Ёдовар мешавем, ки дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона ҳайати варзишгарони тоҷик иборат аз 56 варзишгар аз рӯи 13 намуди варзиш рақобат доранд, ки то ҳол 5 медал-ду нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст овардаанд. Универсиада дар шаҳри Қазони Русия то 17-уми июл идома меёбад.

Июль 16, 2013 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш