«Парандаҳои муҳоҷир» ба нашр расид

Июль 16, 2013 16:39

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар»).-Нашриёти «Ирфон» китоби нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Холиқназар Ҷумъаевро бо номи «Парандаҳои муҳоҷир» ба нашр расонд. «Парандаҳои муҳоҷир» бо теъдоди 1000 нусха мунташир шуда, дар китоб муаллиф аз рӯзгору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қисса мекунад. Дар китоби мазкур чор қиссаи муаллиф бо номҳои «Бозгашт аз он дунё», «Доми фиреб», «Парандаи муҳоҷир» ва «Рӯзи сиёҳи муҳоҷир» ҷой дода шудаанд.Китоб ба оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Июль 16, 2013 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш