Пирӯзии Комроншоҳ дар Универсиадаи Қазон

Июль 15, 2013 15:29

Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар).- Дар шаҳри Қазони Русия Комроншоҳи Устопириён, гуштигири ҷавони тоҷик медали нуқраи Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистонаро соҳиб шуд. Гуфта мешавад, Комроншоҳи Устопириён дар риштаи самбо дар вазни то 90 кг вориди рақобат шуда, дар даври нимниҳоӣ гуштигири Узбекистон Суҳроб Остонаевро мағлуб кардааст ва дар даври ниҳоӣ аз варзишгари рус Павел Румянсев шикаст хӯрдааст.Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар шаҳри Қазони Русия то 17-уми июл идома меёбад. То имрӯз варзишгарони тоҷик дар ин универсиада ду медали тилло ва ду медали нуқра ба даст овардаанд.

Июль 15, 2013 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш