Пойгаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд
Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Бо ибтикор ва дастгирии ҳафтаномаи «Вечёрка», Маркази фарҳангии «Аржанг», КИМ ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» санаи 29 ва 30 июни соли ҷорӣ Аксияи умумимиллии ҷавонон — пойгаи автомобилии «Шоҳроҳи Ваҳдат», дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд баргузор гашт. Дар мусобиқа 130 нафар ҷавонон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабинӣ боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат, ваҳдати миллӣ, аз байн бардоштани сарҳад байни минтақаҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, дониши фарҳангӣ-таърихӣ, муаррифӣ бо расму оин ва дастовардҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ миёни ҷавонон мебошад. Чорабиниро КИМ ҲХДТ, ТҶҶ «Созандагони Ватан», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд, Ширкати ТСELL, Ширкати Фароз, Ширкати IRS, Ширкати CoolDesign, ҳафтаномаи «Вечёрка» ва Маркази фарҳангии «Аржанг» сарпарастӣ намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






