Покистон дар сохтани заводи семент тасмим гирифтанист

Июль 5, 2013 15:48

Душанбе, 5 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). Муҳаммад Иқбол, намояндаи Ассосиатсияи ширкатҳои тавлидоти сементи Покистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки барои бунёди як корхонаи истеҳсоли семент камаш 200 миллион доллар зарур аст. Ба суоли хабарнигорон, ки пурсиданд оё Покистон тасмими сохтани заводи семент дар Тоҷикистонро дорад ё на, Муҳаммад Иқбол ҷавоб дод, ки тасмими ниҳоӣ дар мавриди бунёди корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон танҳо дар доираи омӯзиши фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва дигар имконоту шароитҳо дар ин кишвар гирифта мешавад. Ҳамчунин намояндаи Ассосиатсияи корхонаҳои тавлидоти сементи Покистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аз Покистон дар як моҳ ба Тоҷикистон ҳудуди 700-800 ҳазор тонна ва дар як сол бошад 1,7 миллион тонна семент тавассути қаламрави Афғонистон интиқол дода шуда, айни замон 75-80 % бозори Тоҷикистонро корхонаҳои тавлидотии Покистон бо семент таъмин менамоянд. Арзиши як тонна семент дар корхонаи тавлидотӣ дар Покистон 60-65 $ буда, вобаста ба хароҷоти интиқоли маҳсулот аз Покистон ба Тоҷикистон нархи он афзоиш меёбад. Муҳаммад Иқбол-менеҷери генералии корхонаи тавлидоти семент «FAUJI CEMENT COMPANY LTD» таъкид кард, ки ҳадафи сафари ҳайати роҳбарону намояндагони корхонаҳои сементбарории Покистон ба Тоҷикистон тақвияти равобити ҳасанаи иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар буда, он ҷиҳати дар оянда ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард. Интизор меравад, ки ҳайати покистонӣ, ки 2-уми июл вориди Душанбе шуда буданд, зимни сафарашон инчунин бо роҳбарону намояндагони идораю сохторҳои Тоҷикистон мулоқот анҷом диҳанд.

Июль 5, 2013 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш