Прокурор дар назди вакилон гузориш медиҳад

Июль 1, 2013 10:23

Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум 11 июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расондааст. Интизор меравад, ки дар ин иҷлосия Саймурод Қодиров — прокурори шаҳри Душанбе доир ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию аҳли ҷамоатчигӣ дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини волоияти қонун дар назди вакилони шаҳрӣ ҳисобот медиҳад. Ҳамзамон доир ба омодагии ноҳияи Синои пойтахт ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе Зафар Сафаров –раиси ҳамин ноҳия гузориш хоҳад дод. Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ инчунин масоили марбут ба номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанберо матраҳ хоҳанд кард.Илова бар ин, дар иҷлосияи мазкур тасдиқи як қатор қарорҳои раиси шаҳри Душанбе дар назар аст.

Июль 1, 2013 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш