Раиси Турсунзода дар назди рӯзноманигорон гузориш дод

Июль 9, 2013 15:45

Турсунзода. 9 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Бо мақсади натиҷагирӣ аз вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Раиси шаҳр Давлатшо Гулмаҳмадов ба хабарнигорон дар бораи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввал маълумот дод. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ дар маҷмуъ ба маблағи 79034 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба семоҳаи дуюми соли гузашта 13056 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Ҳамчунин, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли молҳои ниёзи мардум низ афзуда, он 9278,6 ҳазор сомониро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 97,5%- ро ташкил медиҳад. Зикр шуд, ки дар назар аст, то барои нигоҳдории маҳсулоти бадастовардаи деҳқонон, аз ҷумла ангур анбори калони замонавӣ бунёд карда мешавад. Чунин анбори калон барои нигоҳдории маҳсулот аз ҷониби Иттифоқи Тоҷикматлубот низ сохта хоҳад шуд.

Июль 9, 2013 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш