Рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар Тоҷикистон

Июль 16, 2013 16:40

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дирӯз дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳти унвони «Маблағгузории таҳсилоти инклюзивӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва имконот» мизи мудаввар баргузор гардид. Ин мизи мудаввар бо ибтикори Ташкилоти «Набз» (НПО «Пульс») ва дастгирии Институти ҷамъияти кушода доир шуд. Дар ҷамъомад президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова зикр намуд, ки масъалаҳои таҳсилоти инклюзивӣ диққати махсусро талаб мекунад ва дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Қабули як қатор қонунҳо, Консепсияи таҳсилоти кӯдакони имконияташон маҳдуд барои солҳои 2011-2015, нашри китобҳо, кушодашавии Маркази таҳсилоти инклюзивӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, баргузории конфронси байналмилалӣ бо даъвати мутахассисони пешбар аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҷумлаи онҳост .

Июль 16, 2013 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш