Сафар Сафаров: «ҲХДТ ҷонибдор ва омодаи ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷист»
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров мушовири аршади САҲА/ДИДҲБ оид ба масоили интихобот ҷаноби Ричард Лаппин ва ва мушовири ин созмон Радивоэ Груичаро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора сомонаи расмии ҲХДТ иттилоъ дода, гуфтааст, ки дар оғози мулоқот Сафар Сафаров дар бораи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Оиннома ва Барномаи он, сохтори дохилӣ ва фаъолияти он дар давраи пешазинтихоботӣ ба масъулини САҲА маълумот дода, иброз доштааст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар дошта, рўз аз рўз обрў ва нуфузи он дар дохил ва хориҷи кишвар меафзояд ва ҳизб ҳамеша ҷонибдор ва омодаи ҳамкориҳо бо кулли давлатҳои хориҷ ва ташкилотҳои байналмиллалист. Ҳамчунин, байни ҷонибҳо доир ба дигар мавзуоти мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифтааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






