Сафари кории Консули генералии Тоҷикистон ба вилояти Измири Туркия
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар»).- 26-27 июли соли 2013 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Илҳом Абдураҳмонов бо мақсади шиносоӣ аз минтақаҳои ҳавзаи консулӣ ба вилояти Измири Туркия сафар намуд. 26 июл вохӯрии Консули генералӣ бо волии вилояти Измир Мустафо Топрак баргузор гардид, ки зимни он масоили рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла ба роҳ мондани робитаҳои самарабахш миёни вилояти Измир ва вилоятҳои мухталифи Тоҷикистон, шароити зисту таълими донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Измир баррасӣ гардиданд. Дар идомаи сафар 27 июли соли 2013 Консули генералӣ бо ноиби Президенти Шӯрои иҷроияи Палатаи саноати вилояти Измир Иброҳим Гочуоғлу ва Дабири кулли ин палата Мустафо Калёнҷӯ мулоқот анҷом дод. Дар доираи суҳбат масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва иштироки ширкату корхонаҳои узви ин палата дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Вилояти Измир дар ғарби Туркия дар соҳили баҳри Эгей ҷойгир буда, аз 30 ноҳия иборат мебошад, масоҳаташ 11973 км2 ва аҳолиаш 4005459 нафар аст. Дар вилоят соҳаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли либос, мошинсозӣ, сайёҳӣ, истеҳсоли маводи ғизоӣ ва кишоварзӣ рушд ёфтаанд. Бандари Измир пас аз бандари Истанбул дуюмин калонтарин бандари Туркия ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






