Сарвазири Тайланд ба Тоҷикистон меояд

Июль 11, 2013 11:28

Душанбе, 11 июл (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Директори Департаменти кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Наздик ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Тайланд Томвита Ярнсона мулоқот намуд. Мавзӯи асосии мулоқотро омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқуи Сарвазири Шоҳигарии Тайланд хонум Йинглак Чиннават ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иштироки Сарвазири Тайланд дар кори «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об- 2013» ташкил дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рӯзномаи Конфронси мазкур, густариш додани заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, фаъол гардонидани робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин, масоили марбут ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ байни ду давлат баррасӣ гардид.

Июль 11, 2013 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш