Семинар дар шакли таҳсилоти дуалӣ

Июль 5, 2013 09:08

Душанбе, 5 июля. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз 1 июли соли равон дар маркази таълимии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар ҳамкорӣ бо Фонди хазинаҳои амонатии Олмон «Шпаркассе» семинари омӯзишӣ барои коромӯзони филиалҳои минтақавии Бонк дар шакли таҳсилоти дуалӣ ба кори худ оғоз намуд. Аз рӯи иттилои Хадамоти матбуоти бонки мазкур дар семинар тӯли шаш моҳ коромӯзон дарсҳои назариявиро аз худ карда, қисмати таҷрибавии таълимро дар филиалҳо бо дастгирии сарпарастони пештар омодакардашуда мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.Бояд гуфт, ки таҳсилоти дуалӣ дар ҷаҳони муосир ҳамчун яке аз шаклҳои муосир ва хеле самароноки таҳсил васеъ паҳн мешавад. Таҳсилоти дуалӣ гуфта, ҷараёни таълимии омехта ва ё комбинатсия кардашударо меноманд, ки дар он қисмати назариявӣ бо қисмати таҷрибавии таълим омехта мешаванд. Аслан, чунин шакли таҳсил бевосита дар пайвастагӣ бо истеҳсолот гузаронида мешавад. Таҷрибаи истифодаи низоми таълимии дуалӣ дар муқоиса бо низоми анъанавии таълим дар як қатор ҷанбаҳо бартарии худро нишон дод. Ҳамин тариқ, ҷорӣ намудани низоми мазкур боз як дастовардест, ки аз ҷониби роҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк» чиҳати омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботҳои бозори бонкии кишвар ва меъёрҳои байналмилалии бонкдорӣ равона карда шудааст.

Июль 5, 2013 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш