Шаҳрдорӣ дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввалро муаяйн намуд
Душанбе, 9 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати ғанӣ гардонидани дастархони сокинони пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Дар робита, 12 намуди маҳсулоти ниёзи аввал дар тамоми бозорҳои шаҳр дар моҳи Рамазон ба таври зайл ба фурӯш гузошта мешаванд: 1 кг гӯшти мурғи ҶСШК “Мурғи Ҳилол”-и Файзобод 7 сомонӣ, гӯшти гов 29 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ, як халта орди навъи якум (истеҳсоли Қазоқистон) то 130 сомонӣ, 1 литр равғани растанӣ 7,5 сомонӣ, 1 кг биринҷи ватанӣ то 7 сомонӣ, 1 кг шакар то 4,2 сомонӣ, 1 литр шир дар бозорҳо то 3,5 сомонӣ ва дар дӯконҳои сайёри ҶСШК “Комбинати шири Душанбе” 4,5 сомонӣ, 1 кг сабзӣ то 1,6 сомонӣ, 1 кг картошка то 1,5 сомонӣ, 1 кг пиёз то 65 дирам ва 1 дона тухм то 50 дирам. Ин тадбир бо ташаббуси соҳибкорон ва дастгирии шаҳрдорӣ ҳамчун амали хайру эҳсон андешида шудааст. Инчунин, роҳбарони бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон» ва «Қарияи боло» муваззаф гардидаанд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба ҶСШК “Мурғи Ҳилол” ҷиҳати бо нархи арзон ба фурӯш баровардани тухму гӯшти мурғ нуқтаҳои савдо ҷудо намоянд. Ҳамзамон, шаҳрдории Душанбе аз сокинони пойтахт хоҳиш намдудаст, ки дар иртибот ба риояи фурӯши маҳсулоти хушсифат бо нархҳои тавсиявии рамазонӣ дар бозорҳои Душанбе мавқеъгирӣ намуда, аснои мушоҳидаи хилофкориҳо фикру андеша ва таасуроти худро тавассути сомонаҳои шаҳрдорӣ: www.dushanbe.tj, www.mometavonem.tj, www.bemiyonaravho.tj , dushanbe80@yahoo.com ирсол намоянд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






