Шиносоӣ бо фаъолияти ширкати хусусии дорусозии Мину Фарм
Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯз дар ноҳияи Бохтар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти пурсамари яке аз корхонаҳои ширкати хусусии дорусозии Мину Фарм шинос шуд.Тавре зикр гардид, ин ширкат соли 2009 таъсис ёфта, дар аввал бо ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, беш аз ҳама решаи ширинбияву шираи камол ва омодасозии маводи доруворӣ аз онҳо машғул будааст. Ҳоло бошад дар ин ширкат ҳамчунин ҷамъоварӣ ва парвариши морҳои заҳрдор барои омодасозии доруворӣ аз заҳри онҳо ба роҳ монда шудааст.Дар ин корхонаи дорусозии ин ширкат то имрӯз истеҳсоли 6 намуди маҳсулот аз шираи камол ва як намуд экстракт аз решаи ширинбия, ки асосан маҳсулоти нимтайёр барои дорусозӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоташон бештар ба давлатҳои Покистону Ҳиндустон, Чин, Япония ва Малайзия содирот карда мешавад.Барои ҷамъоварию парвариши морҳои заҳрдор, гирифтани заҳри онҳо ва омодасозии чанд намуд дору аз он ин ширкат иҷозатномаи байналмилалӣ низ ба даст овардааст.Ҳоло дар ин ширкат 30 нафар мутахассисони баландпояи табиатшиносу дорусоз бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ғайр аз ин беш аз 600 нафар аз аҳолии деҳот дар мавсими ҷамъоварии ашёи хом ба кор ҷалб карда мешаванд.Ба иттилои роҳбарияти ширкат, онҳо бо истифода аз захираю имконоти беканори табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз фаъолияти пурсамари фоидабахш ба роҳ монда ҳам ба нафъи худ ва ҳам буҷети кишвар хизмат мекунанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






