Шумораи филиалҳои “Тоҷиксодиротбонк” ба 74 расид
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар»). — Шумораи умумии филиалҳои ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба 74 адад расидааст. Дар суҳбат ба мухбири АМИТ “Ховар” сардори хадамоти протоколи ҶСК «Точиксодиротбонк» Марҳабо Муродова ин нуктаро таъкид карда гуфт, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо дигар ташкилотҳои қарзии кишвар чанд зина боло буда, Тоҷиксодиротбонкро чун фарогиртарин бонк дар миқёси ҷумхурӣ муаррифӣ менамояд. “Бояд гуфт, ки таи чанд соли охир ҷиҳати иҷрои дастур ва супоришҳои Президенти кишвар ва бо мақсади рушди фарогирии хизматрасониҳои бонкӣ, ҳамзамон ҷиҳати боло бурдани сатҳи фаъолият ва хизматрасониҳо дар муассисаҳо ва шароити кору зиндагии кормандон “Тоҷиксодиротбонк” дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ филиалҳои худро кушода ба истифода дода истодааст. Аз ҷумла сохтмони филиалу иншоотҳои бонк дар ноҳияҳои Дарвоз, Ашт, Мастчоҳ ва шаҳри Исфара дар арафаи анҷомёбист”, — афзуд Марҳабо Муродова.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз ҳисоби Тоҷиксодиротбонк сохтмони китобхонаи замонавӣ бо шароитҳои мусоиди соҳавӣ дар арафаи анҷомёбист.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






