Тӯйи хайрияи дастаҷамъона дар ноҳияи Вахш

Июль 6, 2013 13:25

Душанбе, 6 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Вахш низ дар пайравӣ ба иқдомоти башардӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хайрияи дастаҷамъонаи 10 ҷуфти навхонадорон ва 150 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд.Ба ҳар яки онҳо низ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кумаки моддии яквақта ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим гардид.Ба 10 ҷуфти навхонадорон дар баробари телевизор, яхдон, мошини либосшӯйӣ, ҷиҳози хоб, қолин ва дигар ашёи рӯзгор 8 садякӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 6, 2013 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш