Танзими истилоҳоти забон дар лоиҳаҳои қонун

Июль 27, 2013 11:17

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-«Ба гуруҳи кории кумита аз 11 июн то 29 июни соли 2013 оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ ва танзими истилоҳот» ва «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» дар шаҳрҳои Хуҷанд , Қайроққум ва ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷараёни санҷиш тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид»,- гуфт дар ҷараёни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов Ӯ ҳамчунин афзуд, ки соли равон дар кумита зиёда аз 50 мавод, аз ҷумла 9 лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 таъйиноту ҳалномаи судӣ, 2 барномаи соҳавӣ аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Июль 27, 2013 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш