Тасарруф ва тақаллуб дар иншооти Душанбе Плаза
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар»).- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши фаъолияти молиявӣ-хоҷагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал»-и шаҳри Душанберо, ки мутааллиқ ба соҳибкор Зайд Саидов ва аҳли хонаводаи вай мебошад, дар давраи солҳои 2009-2013 анҷом дод. Санҷиш ҳолатҳои тасарруф, изофанависӣ, рӯйпӯшкунии андозро ба маблағи калон ошкор намуд.Ҷамъият дар давраи тафтиш дар 17 иншооти гуногун ба маблағи 369,7 млн. сомонӣ корҳои сохтмонию васлкуниро анҷом додааст, ки аз ин 4 иншоот ба маблағи 202,5 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе ба истифода дода шудааст.ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, пинҳон намудани андозҳои давлатӣ, изофанависии корҳои сохтмонӣ, кам нишон додани хароҷоти музди меҳнат, барзиёд нишон додани арзиши масолеҳҳои сохтмонӣ ва анҷом додани дигар амалиёти ғайриқонунӣ ба буҷети давлатӣ ба маблағи 38 млн. сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст.ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» дар иншооти «Сохтмони Душанбе плаза» маблағи 184,8 млн. сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонидааст. Санҷиш муайян кард, ки сохтмончиён ҳаҷми кору хизматрасонӣ ва арзиши масолеҳҳои сохтмониро бе асос ва барзиёд нишон дода, ба маблағи 11,9 млн. сомонӣ ба изофанависии корҳои сохтмонӣ роҳ додаанд. Аз ҷумла, изофанависии корҳои оҳану бетонӣ, ҳаҷми кор ва арзиши корҳои ороишӣ ба маблағи 6,8 млн. сомонӣ, зиёд нишон додани арзиши масолеҳи сохтмонии паркети бадеӣ 4,7 млн. сомонӣ ва изофанависии дигар номгўи кору хизматрасонӣ 315,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Дар иншооти мазкур масолеҳи сохтмонии паркети бадеии чӯбин нишон дода шудааст, вале дар асл муайян карда шуд, ки дар иншоот ба ҷои ин маҳсулот, масолеҳи сохтмонии пастсифати фанери фишурдашуда ва ламинат истифода шудааст, ки он ба номгўй ва сифат мутобиқат накарда, арзиши он нисбат ба нархи амалкунандаи бозорӣ якчанд маротиба зиёд мебошад. Муайян карда шуд, ки тибқи санадҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоот ду намуд паркет бо нархи як метри мураббаъ 1504,0 сомонӣ ва 1097,0 сомонӣ нишон дода шудааст. Дар асл бошад, се намуд паркет бо нархи 470,5 сомонӣ, 386,4 сомонӣ ва 193,6 сомонӣ истифода шудааст, ки фарқияти нарх аз як метри мураббаъ 1118,5 сомонӣ, 1034,3 сомонӣ ва 903,8 сомониро ташкил медиҳад ё ин ки фарқият нисбат ба нархҳои амалкунандаи бозорӣ аз 3,2 то 5,7 маротиб зиёд мебошад.Ҳамин тавр, муайян карда шуд, ки дар иншооти «Сохтмони Душанбе Плаза» аз ҳисоби зиёд нишон додани нарх ва истифодаи масолеҳи пастсифати сохтмонӣ ба буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 4,7 млн. сомонӣ зиён расонида шудааст.Тафтиш муайян намуд, ки паркетҳои бадеии дар иншоот истифодагардида аз номи ҶДММ «Таврида» дар асоси ҳисобнома- фактураи қалбакӣ ба даромад гирифта шуда, шахсони масъули ҶДММ «Таврида» амалиёти мазкурро дар асоси ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ба расмият дароварда, дар асл ба ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» ин номгўи масолеҳи сохтмониро насупоридаанд. ҶДММ «Тоҷ сохтмон Байалмиллал» дар иншооти «Душанбе Плаза» хароҷоти музди меҳнати кормандонро ба маблағи 14,6 млн. сомонӣ нишон дода, маблағи мазкурро тавассути фармоишгар аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе ба пуррагӣ гирифтааст, вале дар асл аз ҳисоби маблағҳои иншооти мазкур ба қадри 9,0 млн. сомонӣ музди меҳнат пардохт намуда, боқимонда 5,6 млн. сомониро ҳамчун хароҷоти бе асоси музди меҳнат дар ҳисоботи муҳосибӣ пинҳон намудаанд, ки аз як тараф ба буҷет зарар расида бошад ва аз ҷониби дигар таъсираш бевосита ба кам ҳисоб намудани пардохтҳои давлатӣ ва андозҳои иҷтимоӣ расидааст.Муайян карда шуд, ки ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» ҳамчун пудратчӣ дар иншооти «Сохтмони мактаб барои 1354 ҷойи нишаст дар заминаи мактаби № 8-и ноҳияи И. Сомонӣ» ба маблағи 12,0 млн. сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонидааст. Маблағгузорӣ дар иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе тавассути МД «Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе» ҳамчун фармоишгар амалӣ шудааст. Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ҷамъият бар хилофи талабот ва дастурамалҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҳисоби зиёд нишон додани коэффисиэнти харҷи меҳнати коргарон ва арзиши масолеҳҳои сохтмонӣ ба маблағи 942,5 ҳазор сомонӣ ба изофанависии корҳои сохтмонӣ роҳ додааст.Дар иншооти «Сохтмони мактаби таҳсилоти умумӣ дар маҳаллаи К.Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансур» аз ҷониби ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» ба маблағи 8,7 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе анҷом додааст. Ҷамъият ҳаҷм, нархнома ва харҷи масолеҳи сохтмониро барзиёд нишон дода, ба маблағи 183,1 ҳазор сомонӣ изофанависӣ намудааст.Ҷамъият дар иншооти «Таъмири зардеворҳои эстакада ва ободонии кўчаи А. Дониш» ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ корҳои сохтмониро анҷом дода, аз ҳисоби барзиёд нишон додани харҷи меҳнати коргарон ва арзиши масолеҳҳои сохтмонӣ ба маблағи 5554,1 сомонӣ ба изофанависии корҳои сохтмонӣ роҳ додааст.Ҷамъият дар давраи солҳои 2009-2012 ва 4 моҳи соли 2013, бо роҳи тартиб додани ҳисоботҳои бардурӯғ ва пинҳон намудани амалиёти андозбандишаванда ба маблағи 11,5 млн. сомонӣ андозҳои ҳатмии давлатиро пинҳон намудааст, ки бо назардошти ҷарима ва муҷозот маблағи зарари расонидашуда 15,9 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, маблағҳои рӯйпўшнамудаи андоз аз арзиши иловашуда 4,8 млн. сомонӣ, андози иҷтимоӣ 4,5 млн. сомонӣ, андоз аз даромади шахсони воқеӣ 1,3 млн. сомонӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 896,5 ҳазор сомонӣ, андози ҳадди ақал аз даромадҳо 371,4 ҳазор сомонӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ 20364,0 сомонӣ, ҷарима ва фоизҳо 4,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. ҶДММ «Тоҷ-сохтмон Байналмиллал» дар ду ҳолат бо ширкатҳои бемасъулияти ҶДММ «Таврида» ва ҶДММ «Офис Маркет» амалиёти ғайриқонуниро анҷом дода, бо роҳи истифодаи ҳисобнома-фактураҳои қалбакӣ ба буҷети давлат ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ ва бо назардошти муҷозоти молиявӣ 3,1 млн. сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст.Ҷамъият барои хариди ду адад крани манорадори борбардор ба соҳибкори инфиродӣ А.Нусратуллозода ба маблағи 2 млн. 295,4 ҳазор сомонӣ (баробар ба 550000 доллари ИМА) пардохт кардааст. Санҷиши мутақобила муайян кард, ки А. Нусратуллозода ба маблағи 98762,0 сомонӣ андозҳои давлатиро пардохт накардааст. Аз баёноти А.Нусратуллозода бармеояд, ки барои фурўши кран аз Ҷамъият танҳо 125,0 ҳазор доллари ИМА қабул карда, боқимонда маблағи 425,0 ҳазор доллари ИМА-ро нагирифтааст.Ҳамчунин ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» аз ҶДММ «Бадр» ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ маводи сохтмониро харидорӣ намудааст, аммо ҶДММ «Бадр» оид ба ин амалиёт дар мақомоти андоз эъломия пешниҳод накарда, бо ин роҳ андоз аз арзиши иловашударо ба маблағи 173345,0 сомонӣ ба буҷет ҳисоб ва пардохт накардааст. Ҳамин тавр, тафтиш муайян намуд, ки шахсони масъули ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» ба буҷет ба маблағи 38,0 млн. сомонӣ зарари молиявӣ расонидаанд. Аз ҷумла, пинҳонкунии андозҳои давлатӣ ва андози иҷтимоӣ 19,6 млн. сомонӣ, изофанависии корҳои сохтмонӣ дар иншооти буҷетӣ 13,3 млн. сомонӣ, барзиёд нишон додани хароҷоти музди меҳнат дар иншооти буҷетӣ 5,6 млн. сомонӣ ва дигар камбудиҳои молиявӣ 2025,0 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ доданд.