Ташрифи ҳайати ВКД Қирғизистон ба Тоҷикистон
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Нурилло Орипов бо ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо роҳбарии муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар Курсан Асанов ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот доир намуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, бо назардошти он, ки дар айни замон ҳам дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва ҳам дар Вазорати корҳои дохилии Қиғизистон ислоҳоти милитсия ҷараён дорад, яке аз масъалаҳои асосии мулоқот ин баррасии ҷараёни ислоҳоти милитсия дар ВКД Тоҷикистон буд. Оид ба ҷараёни ислоҳоти милитсия ва корҳои анҷомдодашуда муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, полковники милитсия З. Солиева муфассал сухан гуфта, вазифаҳо ва афзалиятҳои «Стратегияи ислоҳоти милитсия ва роҳҳои амалисозии он»-ро ба ҳамкорони қирғиз шарҳ дод.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






