Тасмими Шӯрообод – содироти маҳсули деҳқонон ба Русия

Июль 8, 2013 13:15

Шӯрообод, 08 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Кишоварзони ноҳияи Шӯрообод имсол дар майдони 7068 гектар кишти ғалладонагӣ ва обчакорӣ гузаронидаву ҳамакнун ба ҷамъоварии ҳосил омодагӣ мебинанд. Ба гуфти раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов дар ин давра аз тамоми бахшҳои хоҷагидори ноҳия ба миқдори 320т 400 кг гӯшт, 1048т шир ва 339 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд мебошад. Ба гуфтаи манбаъ, баҳри таъмини иҷрои барномаи давлатии барқарорсозӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ низ аз ҷониби масъулин тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар ноҳия 72 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун шинонида шудааст, ки 101%-и нақшаро ташкил медиҳад. Ба иловаи Икромов, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим доранд, ки соҳаи боғу токпарварӣ, парвариши занбӯри асал, парвариши растаниҳои гуногун ва дигар соҳаҳои иҷтимоиро дар ноҳия рушд дода, маҳсули кори деҳқононро ба Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои хориҷ содир намоянд.

Июль 8, 2013 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш