Тоҷикистон ба раванди шарикии глобалӣ ҳамроҳ мешавад
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 24 июл дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон ва раванди байналмилалии шарикии глобалӣ» семинари миллӣ баргузор гардид. Дар кори семинар роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипламатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов аҳамияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушдро таъкид намуда, зикр дошт, ки соли ҷорӣ Тоҷикистон татбиқи «Стратегияи нави миёнамуҳлати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои давраи солҳои 2013-2015»-ро оғоз намуд. Барои таъмини иҷрои бомуваффақияти чорабиниҳои он ҷалби ҳаҷми зарурии кӯмаки беруна ва сармоягузориҳо зарур аст. Д. Саидов зикр намуд, ки дар айни замон раванди байналмилалии мониторинги «Шарикии глобалӣ» оғоз гардидааст ва дар он кишварҳое, ки «Созишномаи Шарикии Бусан»-ро барои ҳамкории самаранок баҳри рушд ба имзо расонидаанд, иштирок хоҳанд намуд. Тоҷикистон ният дорад, ки бо дастгирии шарикони рушд ба ин раванд ҳамроҳ шавад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






