Тоҷикистон ва шарикии глобалӣ
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 24 июл зимни баргузории семинари миллӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва раванди байналмилалии шарикии глобалӣ» муаррифии нашрияҳои навбатии солонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон – «Ҳамкорони рушд дар соли 2013» ва «Ҳисоботи беруна дар соли 2013» муаррифӣ гардиданд. Зикр гардид, ки соли 2012 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи бештар аз 388 млн. доллари ИМА кўмаки беруна ворид шудааст, ки аз он 179 млн. доллари ИМА барои амалӣ сохтани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ равона гардидааст. Ҳаҷми бештари кўмакҳо аз тарафи Олмон, Чин, Япония пешниҳод шудааст. Дар байни институтҳои байналмилалии моливӣ кўмаки назаррас аз тарафи Бонки осиёии рушд, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва ғ. расонида шудааст. Дар муаррифии мазкур хулосаҳои муҳим ва пешниҳодҳо доир ба беҳтар гардонидани ҳамоҳангсозии минбаъдаи кўмаки беруна ва афзудани самаранокии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд.Дар ҷараёни муҳокимаи баргузоршуда қадамҳои минбаъда дар мавриди рушди ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд, беҳтар сохтани ҳамоҳангсозии кўмаки беруна дар самти бахшҳо ва минтақаҳо, истифодаи самараноки «Низоми идоракунии иттилоотии кўмаки беруна», иштироки Тоҷикистон дар раванди байналмилалии шарикии глобалӣ ва мониторинги он муайян гардиданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






