Вазъи таъмири роҳҳо дар Кӯлоб нигаронкунанда аст

Июль 27, 2013 11:15

Кӯлоб, 27 июл. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Ҳамарӯза афзоиш ёфтани нақлиёт дар роҳҳои мошингард, бахусус нақлиёти калони боркаш ба вайрон шудани роҳҳо оварда мерасонад. Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо то ҷое имкони таъмири асосии роҳҳоро надоранд. Аз ин рӯ дар бештари маврид ин муассисаҳо таъмири ҷорӣ мегузаронанд. Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои минтақавӣ ва шаҳрӣ фаъолият доранд, ки мунтазам масофаи муайяни роҳҳои аҳамияти байналхалкӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидоштаро таъмир мекунанд. Соли ҷорӣ низ бо маблағгузории ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Муасисаи нигаҳдории роҳҳои мошингард аксари роҳҳои маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд. Мусаллам аст, ки харҷи таъмири роҳҳо гарон буда, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои нигахдории роҳҳо имкони таъмири пурраи онҳоро надоранд ва бо пайдо гардидани маблағ мекӯшанд, ки қисман ба тахту хамвор ва мумфарш кардани роҳҳо пардозанд, ки ин тадбир барои пурра таъмир намудани роҳҳо кофӣ нест.

Июль 27, 2013 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш