Вазорати маориф: «Дар 6 моҳ 27 мактаб бунёд ва 19 мактаб навсозӣ шудааст»

Июль 8, 2013 13:43

Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- «Мувофиқи нақша соли равон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф пешбинигардида сохтмони 12 бинои таълимӣ ва ёрирасон бо 1236 чойи нишаст ва таҷдиду тармими бинои 3 мактаб – интернат ва аз ҳисоби маблағҳои марҳилаи сеюми гранти Фонди каталитикӣ 4 иншоот бунёд ва 7 иншооти дигари соҳаи маориф таъмиру навсозӣ шуданд»- иброз дошт Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов зимни нишасти матбуотӣ.  Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тибқи маълумоти омории дастрасигардида дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблагузорӣ 27 бинои мактаб (барои 4515 чойи нишаст ва ба маблаги 19 млн.200 ҳазор сомонӣ) сохта ба истифода дода шуда, илова бар ин 9 мактаб ба маблаги 4 млн. 841 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Июль 8, 2013 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш