Ғоратгарони ноболиғ дастгир шуданд

Август 15, 2013 14:43

Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). – 14 август кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ғоратгарони ноболиғ Аминҷон Аламов (соли таваллудаш 1997), Рустам Баротов (соли таваллудаш 1998) ва Ҷаҳонгир Ҳалимов ( соли таваллудаш 1998) – ро дастгир намуданд. Ноболиғони номбаршуда 28 июли соли 2013 шишаи тирезаи идораи гумрук воқеъ дар кӯчаи Шоҳтемурро шикаста, 1 компютери тамғаи Samsung ва техникаи дигарро, ки маблағи умумиашон 1000 сомонро ташкил медиҳад, рабуда ва аз маҳалли воқеа нопадид шуданд.Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Август 15, 2013 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш