Қонуни сарфаҷӯии энергия ҷонибдорӣ хоҳад гашт

Август 27, 2013 10:35

Душанбе, 27 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-29 августи соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз палатаи болоии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд. Интизор меравад, ки дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ва соири масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар матраҳ хоҳанд шуд.

Август 27, 2013 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш