Ҳамкорӣ рущд меёбад
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо раиси бахши миллии Шӯрои кории Созмони Ҳамкории Шанхай, раиси раёсати Биржаи универсалии амвол ва ашёи хоми Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон Александр Узких баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Александр Узких дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки мақсад аз сафар ба Тоҷикистон роҳандозии ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба манзури дастрасӣ ба бозорҳои фурӯши маҳсулот мебошад, зеро Тоҷикистон дар байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд. Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир ба ҳайати Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон 32 иттифоқи миллии саноатчиёну соҳибкорони 26 кишвари ИДМ, Аврупо ва Осиё шомиланд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






