Ҷаласа дар АНМН

Август 20, 2013 10:17

Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – 19 декабр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи дурӯза аз рӯи масъалаи тарҳрезии пешниҳоди лоиҳавӣ барои таҳқиқи вазъи эпидемиологии вобаста ба истеъмоли маводи нашъаовар баргузор шуд. Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласа роҳбарияти Маркази наркологии ҷумҳуриявии ба номи Минҳоҷ Ғуломов, Маркази ҷумҳуриявии СПИД, коршиносони дафтари минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд.Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Бунафша Одинаева зимни суханрониаш зикр намуд, ки тайи солҳои охир теъдоди нашъамандон коҳиш ёфта бошад ҳам, вале дар ин қазия ҳанӯз нуқсонҳои зиёде ба назар мерасанд.

Август 20, 2013 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш