Ҷаласаи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ

Август 27, 2013 11:50

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ доир гардид. Мавриди зикр аст, ки комиссия вохӯрии васеи байни ҳайатҳои ду кишварро дар бар гирифта, зарурати тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар оид ба тиҷорат, молия , сармоягузорӣ , сайёҳӣ , энергетика, саноат, барқ ва об , тандурустӣ , адлия, андозбандӣ , фарҳанг ва дин, кишоварзӣ илм ва технология, назорати маводи нашъадор, варзиш ва ҷавонон , сохтмон, рушд таъкид карда шуд. Дар ҷараёни ҷаласа раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов иброз намуд, ки ҳарчанд тайи солҳои охир гардиши савдои ду кишвар 2, 7 маротиба зиёд гардидааст, вале бо назардошти имконияти мавҷудаи ҳамкориҳои ду кишвар он моро қонеъ гардонида наметавонад. Дар ин замина моро зарур аст, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи кишварҳоямонро дар самтҳои мазкур тақвият бахшем. Дар охири ҷаласа «Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои миёна» ба имзо расид.

Август 27, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш