Афзоиши истихроҷи ангишт -56 ҳазор тонна
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар арафаи ҷашни 22- солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ, ҳамчунин Рӯзи ангиштканон истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ 236 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 56 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурӯши ангишт бо назардошти бақияи солҳои пешин дар якчоягӣ бо воридот дар ҷумҳурӣ 194,7 хазор тоннаро ташкил дод. Захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 86 ҳазор тоннаро ташкил дода, муштариён метавонанд аз ин нуқтаҳо ва анборҳо харидории ангиштро ба роҳ монанд. Ёдовар мешавем, ки ҳар сол кормандони соҳаи ангишт дар санаи якшанбеи охири моҳи август иди касбии худ- Рӯзи ангиштканонро ҷашн мегиранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






