Ахбори муҳимтарини рӯз

Август 28, 2013 14:27

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои «France-Presse» нахустин бор дар таърих дар кишвари исломии Эрон занро ба вазифаи сафир мегузоранд. Ба иттилои сухангӯи иттилоотии ВКХ-и Эрон Муҳаммад Ҷовид Зариф онҳо ният доранд рўзҳои наздик як занро сафир гузоранд, вале то ҳол маълум нест, ки ӯро ба кадом кишвар равона мекунанд. //////////////////////////Моҳи сентябр соли ҷорӣ дар шаҳри Қазон нуҳумин ҷашнвораи байналмилалии синамои исломӣ баргузор мешавад. Ба ин ҷашнвора 450 филм аз 54 кишвар пешниҳод шудааст. Комиссияи интихобиро Сергей Лаврентев раҳбарӣ мекунад. ///////////////////////Ба иттилои сомонаи “Al Jazeera» дар натиҷаи силсилатаркишҳое, ки субҳи имрўз дар Бағдод рух дод, 33 нафар ҷон бохта, 136 нафари дигар ҷароҳати гуногуни вазнин бардоштанд. Аз ҳама таркиши калонтарин дар манотиқи Ад-Дияла сар зад, ки дар натиҷа ҷони 21 нафарро бурд. Ягон гуруҳи ғайриҳукуматӣ ин таркишҳоро ба зиммаи худ намегирад.///////////////////////// Ирина Глинск, мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази гигиена ва эпидемиологияи Минск ба хабарнигорон гуфт, аз оғози сол дар пойтахти Беларус 9 ҳолати сироят ёфтани гепатити А ба қайд расидааст. Ӯ мегӯяд бештари сироятшудаҳо афроди солманд ҳастанд. ///////////////////////// Дар музофоти Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз ҷумла Панҷоб, Синд ва Хайбар обхезии шадид то ҳол идома дорад. Дар маҷмуъ теъдоди зарардидагони ҳодиса ба 1,9 миллион нафар нисбат дода мешавад. Дар айни замон барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ фаъолияти густурда мебаранд. //////////////////////////Табибони Қирғизистон фавти як навҷавони 15-сола бар асари маризи тоун (чума)-ро таъйид кардаанд. Гуфта мешавад шояд истеъмоли кабоб аз гӯшти суғур дар минтақаи Сари Ҷаз, дар шимоли Қирғизистон боиси марги ӯ шудааст.Таҳияи Руқияи Боймамад

Август 28, 2013 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш