Анҷоми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои осиёии наврасон дар Чин
Душанбе, 24 август (АМИТ «Ховар»).- Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар шаҳри Нанҷинги Чин шаби 23-юми август ба анҷом расид.Дар ин Бозиҳо беш аз дуним ҳазор варзишгари навраси синнашон аз 14 то 18-сола аз 45 кишвари қораи Осиё дар 17 риштаи варзиш ширкат карданд ва намояндагони 29 кишвар соҳибони медалҳо гардиданд. Аз он ҷумла варзишгарони 19 кишвар медалҳои тиллои Бозиҳоро ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов аз шаҳри Нанҷинги Чин хабар дод. Дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо (аввалан тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Чин бо касби 93 медал (46 тилло, 23 нуқра ва 24 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуд. Кореяи Ҷанубӣ бо 52 медал (25+13+14) дар ҷойи дувум ва Ҷопон бо 18 медал (7+5+6) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Миёни 10 кишвари пешсаф, ки бо медалҳо мукофотонида шуданд, ҳамчунин, Тайланд (6+15+16), Тайван (6+11+13), Сингапур (5+12+6), Вйетнам (5+4+2), Малайзия (4+6+7), Кореяи Шимолӣ (4+2+5) ва AOI (Independent Olympic Athletes, Ҳиндустон, 3+4+7) ҷойгир шуданд.Тоҷикистон ба мисли Ироқ бо як нишони нуқра ва як биринҷӣ дар зинаи 22-юм қарор гирифт. Қазоқистон бо 13 медал (1+4+8) ҷойи 13-ум, Узбакистон бо 8 медал (1+2+5) ҷойи 14-ум, Эрон бо 8 медал (0+6+2) ҷойи 20-умро касб карданд. Баъди Тоҷикистон Урдун ва Муғулистон — ҳар кадом бо 3 медали биринҷӣ, Баҳрайн, Қирғизистон, Макао ва Яман — ҳар кадом бо 1 медали биринҷӣ ҷойгир шуанд. Вале варзишгарони 16 кишвар, аз он ҷумла Афғонистону Туркманистон медал ба даст наоварданд.Тоҷикистон ва Ироқ бо 2-медалӣ дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон аз рӯи шумораи умумии медалҳо 21-ум шуданд. Чин бо 93 медал дар ҷойи аввал, Кореяи Ҷанубӣ бо 52 медал дар ҷойи дувум ва Тайланд бо 37 медал дар ҷойи севум қарор гирифтанд.Ёдовар мешавем, ки дар ин Бозиҳо варзишгарони тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карданд. Аз байни 9 варзишгар ду кас медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии дзюдо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд. Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ чунин гуфт: “Бозиҳои дувуми осиёии наврасон барои варзишгарони ҷавони тоҷик санҷише буд пеш аз Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2014-ум дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд. Мо аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони худ дар ин Бозиҳо қаноатмандем. Бахусус аз дастовардҳои гурзандоз Зоир Шералиев ва гуштигир Фаррухи Салим хеле хушҳол шудем. Инчунин даванда Меҳрангез Назарова, ки дар давидан ба масофаи 800 метр ба финал баромад ва дар байни 8 нафар беҳтаринҳо ҷой гирифт, моро хурсанд кард. Дзюдочӣ Шукрона Қарчиева (ҷойи 7-ум дар вазни то 44 кг) ва вазнабардор Суннатулло Оев (ҷойи 9-ум дар байни 18 нафар дар вазни то 56 кг) низ натиҷаҳои қаноатбахш нишон доданд. Умуман, варзишгарони навраси мо дар ин Бозиҳо таҷоруби хуби мусобиқоти байналмилалӣ касб карданд. Инчунин гуфтаниям, ки Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин дар сатҳи баланд баргузо шуд. Барои ширкаткунандагону меҳмонони Бозиҳо мизбонон тамоми шароити заруриро фароҳам сохтанд, ки аз эшон сипосгузорем. Ва умедворем, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2014-ум дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, шарафи варзиши Тоҷикистонро бомуваффақият ҳимоя хоҳанд кард. ”Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гурӯҳи аввали варзишгарону мураббиёни тоҷик, ки ба ҳайати он, минҷумла, барандагони медалҳои Бозиҳои дувуми осиёии наврасон Зоир Шералиев ва Фаррухи Салим шомиланд, рӯзи 23-юми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Нанҷинг – Урумчӣ – Душанбе озими Тоҷикистон шуданд. Баъди таваққуфи якрӯза дар шаҳри Урумчии Чин онҳо шаби 24-ум ба 25-уми август ба Душанбе мерасанд. Гурӯҳи дувум бошад, пас аз ширкат дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои дувуми осиёии наврасон, ки шоми шанбеи 24-уми август баргузор мешавад, шаби 28-ум ба 29-уми август ба Душанбе меоянд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






